Аз 119 ғарқшудагони соли 2016 55 нафарашон ҳанӯз ба синни 17 нарасида буданд

Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 119 нафар бар асари ғарқ шудан дар об ҷони худро аз даст додаанд. Таҳлили оморҳои фаврӣ ҳикоят аз он доранд, ки  55 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагон шаҳрвандони синни то 17-сола буда, 64 нафар афроди аз 17-сола боло мебошанд.
Ин афрод дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд. Аз ҷумла, касоне даст ба худкушӣ задаанд ва ҷонашонро аз даст додаанд, теъдоде бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба дарё сарозер шудаанд ва шуморе моҳидорӣ рафтаву дучори фалокат гаштанд. 
Соли гузашта ба хотири пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳои нохӯш мутахассисони Кумита як силсила чорабиниҳоеро ҳам рӯйи даст гирифтанд, ки иборат аз роҳандозии чораҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баргузории дарсҳои омӯзишӣ миёни мактаббачагон, тамринҳои амалӣ бо дастгии ташкилоти байналмилалии “Добрососедство” дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ин ҷумла буд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиӣ, сохтор ва роҳбарияти он Сомонаи интернетии Кумита бо тарҳи нав мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло аз тариқи ин сомона на танҳо хабарҳои фаврӣ пахш мешаванд ва рӯйдодҳои муҳимро ба мардум мерасонанд, балки сокинон ва меҳмонони кишварро аз тағйири обу ҳаво дар кишвар огоҳ ва барои бехатарии онҳо дастурҳо медиҳад.
Дар сомона ҳамчунин бахши суол ба Раиси Кумита низ фаъол шудааст, ки хонандагон метавонанд мустақим муроҷиат кунанд ва ба пурсиши худ аз Сарвари Кумита посух дарёфт кунанд.