КҲФ: Тағйири ногаҳонии боду ҳаво дар қаламрави кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат аз 17 то 21-уми декабри соли 2016 якбора бад шудани ҳаво, аз ҷумла бориши борон ва дар баландии 1200 метр барфи тар, ҳамчунин дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво  8 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мешавад ва ин ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингард таъсири худро мерасонад. Резиши барф метавонад сабабгори осеб дидани хатҳои интиқол нерӯи барқ шавад, шамоли сахт бошад метавонад дарахтон ва пояҳои сустваслшудаи дастгоҳҳои рекломро афтонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳварвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракатҳои безарурати худро ба роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, ронандагон суръати ҳаракат ва фосилаи кофиро риоя намоянд ва ҳамзамон хеле ботаваҷҷуҳ ва ҳушёр бошанд. Мошинҳоро аз рӯйи имкон дар мошинхонаҳо ҷобаҷо кунанд.