Гуруҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табииро баррасӣ кард

Лоиҳаи такмилдодашудаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030 ва лоиҳаи марбутаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус имрӯз дар Кумитаи ҳалаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз намояндагони вазороту идораҳои зидахл ва СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ҷаласаи навбатии гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ субҳи имрӯз доир шуд ва чуноне гуфтем,  дар он  намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дахлдори Кумита ва ҳамчунин кормандони Барномаи рушди СММ ширкат карданд.

Мавриди зикр аст, ки гурўҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён бо мақсади таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030 ва зербарномаҳои он, таъсиса шудааст ва ба ҳайати он намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар шомиланд.

Сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник Ҷамшед Камолов ширкаткунандагонро бо лоиҳаи такмилдодашудаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030 ва лоиҳаи марбутаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус  шинос намуд.

Ширкаткунандагон бо ибрози назар дар бораи лоиҳа онро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. 

Мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки лоиҳаи ниҳоии он бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маҷлиси навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.