400 хоҷагии муҳиҷири экологӣ дар як сол. Посухи генерал Назарзода ба суоли журналист Фарзона Мирзоева

Ба генерал Рустам Назарзода!

Борҳо чун як рӯзноманигор аз оқибатҳои офатҳои табиӣ гузоришҳо таҳия кардаам ва медонам, ки Тоҷикистони мо дар як минтақаи ба офатҳо осебпазир ҷойгир аст. Бахусус, дар навоҳии куҳистон одамон бештар зарар мебинанд, хонаҳо зуд вайрон мешаванд ва мардум бесарпаноҳ мемонанд. Аммо вақте оқибатҳо бартараф мешаванд, мебинем, ки онҳо боз ҳам дар ҳамон макони офатзада хона месозанд. Дар ҳоле медонанд, ки ин обхезӣ ё ярч метавонад такрор шавад. Кам ҳолатеро медонем, ки офатзадагонро ба макони дигар кӯчонида бошанд. Бештар вақт кумак мекунанд, ки хонаҳои нимачаппашударо дубора барқарор кунанд.
Чаро чунин аст? Оё ҳукумати мо барномае дорад, ки дар оянда ин ҷиҳатҳоро ба назар гирад. Шояд на ҳамеша мумкин аст одамонро кӯчонид, вале мешавад, ки коре кард то онҳо на хонаҳои гилини осебпазир, балки хонаҳои мустаҳкамтар созанд ва кумакҳо низ ба фоида бошанд.

Бо эҳтиром, Фарзона Мирзоева, рӯзноманигор

Муҳтарам Фарзона Мирзоева!

Дар ҳақиқат, чӣ тавре, ки Шумо дуруст қайд намудед, кишвари мо дар минтақаи осебпазири офатҳои табиӣ ҷойгир шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» аз 15 июли соли 2004 №53 ба танзим дароварда мешаванд.
Вобаста ба муқаррароти қонуни мазкур таснифи ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуда, дар ҳар як сатҳ корҳои бартарафсозӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва миқдори кумаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 декабри соли 2010 № 632 тартиби пардохти кумакупулӣ «барои сохтмони манзили истиқоматӣ дар ҷойи пештараи худ, ки пурра вайрон шудааст» ва қарзи имтиёзнок «барои сохтмони манзили истиқоматии пурра вайроншуда, ҳангоми ба маҳалли бехавф кўчонидан» пешбинӣ гардидааст.
Яъне, бояд зикр намоям, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми вайрон гардидани хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст, ки:

- хонаҳои истиқоматӣ дар ҷои пештараашон бо назардошти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, барқарор карда шаванд (ҳангоми заминҷунбӣ ва ғайра);
- ё ҳангоми имконнопазир будани барқарор кардани хонаи истиқоматӣ дар ҷои пештарааш (мисол ҳангоми фаромадани ярч, сел, дар минтақаи хавфноки табиӣ қарор доштан ва ғайра) дар ҷои бехавф ҳамчун муҳоҷири экологӣ сохтани хонаҳои истиқоматӣ.
Ҳамзамон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 майи соли 2010 №211 Нақшаи миёнамуҳлати перспективии кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доранд, амалӣ мегардад.
Мутобиқи Нақшаи зикршуда дар соли 2016 400 хоҷагӣ муҳоҷирони экологӣ ба нақша гирифта шуда, бояд аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шаванд. Аз он ҷумла: ВМКБ - 46 хоҷагӣ, вилояти Суғд -59 хоҷагӣ, вилояти Хатлон -190 хоҷагӣ, НТҶ -105 хоҷагӣ.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2016 ҳамагӣ 373 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ  аз ҷойҳои бехавф таъмин гардида, айни замон дар қитъаҳои замини ҷудогардида аз тарафи муҳоҷирон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад.

         Дар робита ба ҷавоби саволи Шумо инҳо мисол шуда метавоананд:

- ба аҳолии бар асари офати табиӣ – заминҷунбии 7 декабри соли 2016 водии Бартанги ВМКБ пешниҳод карда шуд, ки ба ноҳияҳои бехавф кучонида шаванд, лекин аҳолӣ хоҳиш намуданд, ки дар ҷойи пештараашон (дар замини аҷдодӣ) хонаҳоашонро барқарор мекунанд.
- аҳолии аз офати табиӣ – сели рузи 16 июли соли 2016 зарардидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар ҷойи бехавф як маҳаллаи нав бунёд карда шуд.

Бо вуҷуди он, танзими масъалаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин ва аз як фонд ба дигар фонди замин гузаронидани он дар салоҳияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буда, аз ҷониби
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорат карда мешаванд.

Бо эҳтиром, Раиси Кумита Рустам  Назарзода