Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки 57 дарсади мубталоён ба коронавирус шифо ёфтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то имрӯз, 5 июни соли равон дар мамлакат 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 17: 20 дақиқаи 5 июн  дар кишвар 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз КОВИД-19 48 нафар мебошад.

 Имрӯз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо шуд, ки як бахши муҳими он дар бораи нигоҳубин ва муолиҷаи гирифторони коронавирус мебошад. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки аз бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад. 

Тибқи Фармони мазкур, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.

Ҳамзамон, то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда шавад.