Омори нави CОVID-19 дар Тоҷикистон: Мубталоён 4289 нафар, шифоёфтагон 2401 ва фавтидагон 48 нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки то имрӯз, 4 июни соли равон дар мамлакат 1418 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 18: 20 дақиқаи 4 июн  дар кишвар 4289 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2401 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Дар хабари дигар Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар саросари мамлакат ба ҳолати муқаррарии корӣ баргардонидани  муассисаҳои тандурустӣ идома дорад. Дар доираи ин иқдом Муассисаи давлатии Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб баъд аз табобат гирифтан ва рухсат шудани беморони илтиҳоби шуш ва  гумонбарони сирояти коронавируси нави КОВИД-19  барои ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргаштан омода мешавад.

Хайриддин Раҷабов, сардухтури беморхонаи мазкур гуфтааст, ки “Мо дар ду давра  беморонро ба табобат фаро гирифтем, ки зиёда аз 60 нафар кормандон ба хизматрасонии тиббӣ ҷалб шуда буданд. Тайи 2 рӯз аст, ки дар муассисаи мо  корҳои безарагардонӣ  гузаронида шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд”.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморон ҷудо гардида буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Рӯзҳои 28 ва 30-юми майи соли равон ду муассисаи тандурустии шаҳри Ваҳдат, ки дар онҳо низ як муддати муайян беморони каронавируси нави КОВИД-19 ба муоинаву табобат фаро гирифта шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.