Наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд савганд ёд карданд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон ширкат карданд. Ба сабаи бемории коронавирус имсол аз даъвати волидону пайвандон, хонандагони мактабҳо ва дӯстони наваскарон худдорӣ шуд.

Маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ироаи суруди миллӣ оғоз шуд ва  баъдан сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Додиён Баҳром Одина ҳайати шахсӣ, наваскаронро муносибати рўзи қабули савганди ҳарбӣ муборакбод намуда, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд   Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Полковник Додиён зимни суханронӣ зикр намуд, ки ин рўзи фаромўшнашавандае дар ҳаёти ҳар кадоми шумо наваскарони муҳтарам хоҳад буд. Вуруд ба остонаи ин мактаби инсонсозу шуҷоат ва мардонагӣ бояд ифтихор бошад. Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки инсонро мсозад. Шумо зарфи ин сол ба ҳама қоидаву қонунҳои хизмат на ки ошно, балки тибқи ин қонунҳо зиндагӣ карданро меомӯзед. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавонмард қарзи шаҳрвандист, ки бояд адо кунад. Вале дар хизмат шумо касбу кор меомӯзед, низоми ҳарбӣ меомӯзед, бо силоҳу аслиҳаҳои гуногун ошно мешавед. Ин ду сол бешак мактаби хуби инсонсозе хоҳад буд, ки шуморо ба камолоти маънавӣ мерасонад.

Сипас, Додиён Баҳром Одина аз таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зад ва ба ҳозирон ин нуктаро ёдоварӣ кард, ки аввалин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси артиши миллӣ буд, чун Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар наметавонист бе артиши худ бошад. Пешвои миллат артишро рукни муҳими Истиқлоли кишвар медонанд.    

Сипас, наваскарон тантанавор савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.  Дар маросим баробари сарбозону афсарони қисми низомӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров подполковник Шарифов Абдусамад иштирок дошт.

Маросими савгандёдкунӣ бо сафороӣ ва қадамзании ҳарбӣ ва чорабинии фарҳангӣ ба поён расид.

Шоҳзода Бутаева,
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат,
лейтенанти калон