Поккориҳои рӯзҳои гузашта: Дар Суғд ва шаҳри Душанбе

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси СOVID-19 аз ҷониби Гуруҳи безараргардонии Раёсати Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дастаи зудамали вилоят дар водии Зарафшон ва Бахши шаҳри Хуҷанд  аз санаи 25-ум то 31-уми майи соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, иншоотҳои ҳоҷагии халқ ва дигар ташкилоту идораҳо бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд.

            Аз ҷумла:

шаҳри Хуҷанд:

Дар давоми ҳафтаи сипаригашта 126 адад бинои баландошёнаи микроноҳияҳои 3, 8,13,27,28  ва дигар ташкилоту идораҳои дар ҳудуди шаҳр ҷойгиршуда дар масоҳати умумии 68 ҳазору 315 метри мураббаъ поккорӣ шуданд.

ноҳияи Айнӣ:

Аз ҷониби Дастаи зудамали вилоят дар водии Зарафшон 45 адад иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ ва хонаҳои истиқоматии 1215 хоҷагӣ дар масоҳати умумии 51 ҳазор метри мураббаъ безарар гардонида шудааст.

Шаҳри Душанбе:

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи гузашта гурўҳи безараргардонии зидиэпидемиологии Раёсат иборат аз 8 - нафар бо 3 – адад автомашина, 12 - адад дастгоҳи дорупошак дастӣ ва 3 - адад дорупошаки муҳарикдор  бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти COVID-19, дар ҳудуди кўчаву маҳалаҳои  ноҳияи Шоҳмансур корҳои безараргардониро бо истифода аз гипохлорити натрий  гузаронида шуд.

            Аз ҷумла, кўчаҳои Раҳим Ҷалил, Малика Собирова, биноҳои баландошёнаи воқеъ дар кўчаҳои Деҳлавӣ 77/19, 97/17, 79/24, Нисор Маҳаммад 6, 8, 10 поккорӣ шуданд.

            Дар корҳои безараргардонӣ 4000 ҳазор литр маҳлул истифода  шуд.