Ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон: ҚОИДАҲОИ ҲАРАКТРО РИОЯ КУНЕД!

Баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби як сокини 51-солаи деҳаи Роҳрави ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ идора мешуд, дучори садама шуд.

Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад. Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд. 

Яке аз ҷароҳатдидагон ронандаи мошин ва дуюмӣ мусофири он Нодилёбов Амрулло, сокини деҳаи Бунаи ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ мебошад.

Фавтидагон Худоиев Аслоншоҳ (сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Ванҷ), соли таваллудаш 1975 истиқоматкунандаи деҳаи Сайёди  ноҳияи Сангвор  ва Худоиев Умари 9-сола, писари Асланшоҳ Худоиев мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги фоҷеабори сардори бахши Кумита дар ноҳияи Ванҷ Худоиев Асланшоҳ ва ҷигарбанди 9-солаи ӯ андӯҳгин буда, аз Худованд барояшон Фирдавси барин ва ба бозмондагонашон сабри ҷамил хоҳон аст.

 

Ҷароҳати се тан дар садамаи дигар дар роҳи Душанбе-Кӯлоб

Худи ҳамин рӯз, тахминан соати 21:15 дақиқа дар километри 148, мавзеъи Қурбошаҳиди шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб садамаи дигар рух дод.  Автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби сокини 54-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 20 метр сарозер шуд.

Ин мошин аз Душанбе ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳоли ҳаракат буд ва шоҳидон мегӯянд ронанда аз уҳдаи идораи мошинаш набаромад ва дар натиҷа дар ин ҷарӣ фурӯ рафт.  

Ронанда, ҳамсараш ва писари 29-солааш ҷароҳат бардоштанд.  Дастаи махсуси зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб ин се танро аз дохили мошин берун оврадаанд ва ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ интиқол доданд. 

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.