COVID-19-ҷаҳон: 5,92 миллион сироят шуда, 364 ҳазору 933 нафар фавтидаанд

Субҳи имрӯз Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс дар сомонаи худ шумори умумии гирифторон ба коронавирусро 5,92 миллион нафар эълон кард ва навишт, ки ҳамагирӣ 188 кишвари оламро фаро гирифт.

Ин манбаъ шумори мубталоёнро дар саросари олам дақиқан 5 миллиону 927 ҳазору 255 нафар гуфта, навиштааст, ки дар як шабонарӯз дар кишварҳои дунё 116,9 ҳазор нафар сироят шуданд. Дар замони ҳамагирӣ дар ҳама мамлакатҳо аз ин вирус 364 ҳазору 933 нафар фавтиданд ва 2,49 миллион нафар шифо ёфтанд.  

Аз SARS-CoV-2 кишварҳое чун ИМА (бо 1,74 миллион сироятшуда), Бразилия (бо 465,1 мубтало), Русия (бо 387,6 ҳазор сироятшуда) дар сегонаи аввали давлатҳое ҷо гирифтанд, ки шумори зиёди мубтало ба коронавирус доранд. Британияи Кабир ва Италия дар ҷойи чорум ва панҷум қарор гирифтаанд.  

Ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то соати 17:20 дақиқаи рӯзи 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.