COVID-19 – Тоҷикистон: сироятшудагон 3686 нафар, шифоёфтагон 1769 ва фавтидагон 47 нафар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то соати 17:20 дақиқаи 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки  шабонарӯзи гузашта 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, то 29 май дар мамлакат 2228 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 331 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои табобати беморони гирифтори коронавирус ҷалб шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъи зикршуда дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб ба пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Гуфтанист, ки барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.