Бразилия дар шумори гирифторон ба кронавирус дар ҷаҳон сеюм шуд

Конгресси  Бразилия қонунеро ба тасвиб равонд, ки тибқи он ҳамаи сокинони мамлакат маҷбуранд ниқоб дошта бошанд. Касоне аз иҷрои қонун саркашӣ менунад, 50 доллар ҷарима мешаванд.  Ин қонун баъди он ки Сенат тасдиқ мекунад, бояд аз ҷониби президент Жаир Болсонар имзо шавад. Худи Болсонар хеле кам ниқоб мепӯшад ва аз аввал то кунун сарвари Бразилия ин бемориро навъе аз зуком медонад ва аз эълони карантини шадид худдорӣ намуд.

Ин дар ҳолст, ки шумори фавтидагон дар кроновирус дар Бразилия ба шиддат афзуд: зарфи як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1179 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз оғоз то кунун шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар Бразилия ба 17,9 ҳазор нафар расид.

Бразилия ҳамчунин дар шумори мубталоён ба Covid-19 дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Ҳоло дар ин кишвар 263 ҳазор нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Ду ҷойи аввал дар теъдоди сироятшудагон ба кронавирус ба ИМА ва Русия мутааллиқ аст.