Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта: резиши санг ва селҳои азими харобиовар. Роҳҳои кишвар пурра бозанд!

Ба асари боронҳои шадид дар қаламрави алоҳидаи кишвар ҳодисаҳои резиши санг ва омадани селҳо ба қайд гирифта шуданд. Чунончӣ, борони шадид лойу лойқаи азимро ҷамъ овард ва роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикатро баст, сел мушкилоте ба роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳяҳои Турсунзода ва Ҳисор овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, роҳҳо аз лойю лойқа поккорӣ шуданд ва ҳаракати мошинҳо ҳоло аз сар гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд борони шадид зироатҳои кишоварзиро зери об кард. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. 

14 – уми майи сол 2020 соати чори субҳ дар натиҷаи боронҳои шадид дар роҳи мошингради Нуробод –Лахш дар километри 94-95 ва 101-103 резиши санг ба қайд гирифта шуд ва роҳ муваққатан баста гардид. Барои бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ ду техникаи махсуси роҳрӯбӣ ҷудо шуд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин Хадамоти жолаи КҲФ хабар медиҳад, ки бегоҳии рӯзи 13-уми май дар ноҳияи Ёвон бо партови 5 адад мушаки зиддижолаи “Алазан 6” 2 минтақаи хавфнок ва дар ноҳияи Данғара бо партови 2 мушак як минтақаи хатарнок аз жоларо безарар гардонд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки то рӯзи 15-уми май ҳаво дар саросари мамлакат ҳамин гуна пурбориш боқӣ мемонад ва хатари омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳамоно таҳдид мекунад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии кишвар бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд!