44 дарсади ҳолатҳои фавқулоддаи 10 моҳи охир дар қаламрави вилояти Суғд рух додаанд

Зарфи 10 моҳи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 њолатњои фавќулодаи табиї сабт шудааст, ки 62 дарсади он ё худ 34 ҳодиса омадани сели харобиовар буд.
14,5 дарсади ҳолатҳои фавқулодда шамоли сахт, 7,3 дарсад ярч, 5,4 дарсад резиши санг будааст.
Дар ин 10 моҳ 2 ҳодисаи ларзиши эҳсосшавандаи замин ба қайд гирифта шуд ва як ҳодисаи тарма низ сабт гардид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки зарфи нуҳ моҳи соли 2015 дар Тоҷикистон 84 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуда буд ва 49 дарсади онро сел ташкил мекард.
Дар нуҳмоҳи соли гузашта 10 заминларза, 9 обхезӣ, 7 ҳодисаи резиши санг ва шамоли шадид ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳамчунин соли гузашта як ҳодисаи фурӯ рафтани замин ва рӯйдодҳои дигаре аз қабили бориши барфи сахту сармои шадид низ сабт шуда буд.
Соли ҷорӣ 44 дарсади ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави вилояти Суғд рух додаанд ва 25,4 дарсади онҳо дар ноҳияҳои минтақаи Рашт воқеъ шудааст.
Дар навоҳии минтақаи Ҳисор 12,7, дар вилояти Хатлон 11, дар қаламрави ВМКБ ва дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 3,6 дарсади ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд.