Сад ҳазор доллар кӯмаки Бонки осиёии Рушд ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо короновирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки осиёии Рушд (БОР) ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав  COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон   100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки дар марҳилаи хариди маводи мавриди  ниёзи аввал барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди COVID-19 12 май аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат маводи тиббӣ супорида шуд.

Дар маросими супоридани маводи тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, кумаки Бонки Осиёии Рушдро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ин ниҳоди молиявӣ арзёбӣ намуд.

Маводи тиббии тақсимшуда аз антисептик барои дастон, термосканери электронӣ, маводи гигиенӣ (собун, салфетка, сачоқ), маводи безараргардонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, комбинезонҳои тиббӣ, хилъатҳои тиббӣ, бахил, сарпӯшҳои тиббӣ, дастпӯш ва ниқобҳои тиббӣ иборат мебошанд.