Истифодаи бештар аз 17 ҳазор литр маводи поксозанда дар поккориҳои ноҳияи Шоҳмансур дар ду рӯз

Аз аввалин рӯзҳои авҷи бемории короно дар Чин наворҳоеро медидему таааҷуб мекардем. Сафедпӯшон кӯчаву хиёбонҳоро дору мепошиданд, дару дарвозаҳо, иншоотҳои муҳими давлативу вурудгоҳи хонаҳои истиқоматиро бо моддаҳои кимиёвӣ мешустанд. Ва он вақт бароямон азамату хатари ин вируси кушанда маълум шуда буд. Имрӯз ин ба сари кишвар омад. Агар бодиққат назар андозед, пас ҳар рӯз дар гӯшаву канори пойтах ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо ҳамон саҳнаҳои Вуҳони Чинро бармало мебинед. Ҳар рӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус даххо тонна маводҳои кимиёвӣ масраф мекунанд, то хатари сироят коҳиш ёбад.
Дар ин кор, ки як гурӯҳи бистнафараи кормандон муташаккил аз мутахассисони кимиёшинос, наҷотдиҳандагон ва табибон ҷалб шудаанд, ки бо истифода аз маҳлулҳои омодашуда ва техникаи махсус фаъолият мебаранд. 

Шоми рӯзи 11 майи соли 2020 гурӯҳи зудамали КҲФ дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корҳои поккорӣ гузарониданд.  Бо ёрии дастгоҳҳои дастиву автоматии пошдиҳанда кормандони КҲФ кӯчаҳо, хиёбонҳо, муассисаҳои давлатӣ, даромадгоҳи хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон шурӯъ аз чорсӯи Вазорати корҳои дохилӣ то охири хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва М.Назаршоевро дору пошиданд. 

Барои роҳандозии ин корҳои поксозӣ бештар аз 6 ҳазор литр маҳлули поксозанда истифода шуд.

Бояд зикр ва таъкид кунем, ки ин дорупошиҳо ва ин поккориҳо ба саломатии сокинон зарар надоранд, баръакс барои коҳиши сироят ба короно мусоидат мекунанд. 

Рӯзи 12-май низ корҳои поксозии кӯчаву хиёбонҳо дар шаҳри Душанбе идома доштанд. Дар ин рӯз гурӯҳи муташаккил аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе  дар маҳаллаи Бадахшон, №№ 1,2 кӯчаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ №№1,2,3 ва кӯчаҳои Хоруғ №№ 1,2,3 ноҳияи Шоҳмансур корҳои безараргардонӣ гузаронидаанд.

Зарфи ин ду рӯз дар маҷмуъ дар ин ду рӯз барои поксозии кӯчаву хиёбонҳо ва иншоотҳо ҳудудан 17 ҳазор литр маҳлули маҳлули гипохлориди натрий истифода шудааст.