16 нафар намояндагони вазорату идораҳо баъди анҷоми як давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Маркази омӯзишӣ – методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эътои шаҳодатномаҳо барои 16 нафар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин нақшаи идоравии КҲФ барои соли 2020 16 нафар намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар давраи омӯзишии серӯзаи “Ҳайати роҳбарӣ ва шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва мактабҳои олӣ оид ба мудофиаи гражданӣ”  ширкат намуданд. 

Ин давраи омӯзишӣ аз дарсҳои лексионӣ, видеоконфронсҳо ва намоишҳи филмҳои кутоҳ иборат буд.