Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҷаласаи гуруҳи коршиносн дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади таҳияи Стратегияи миллии идораи хатар аз офатҳо, бар асоси тавсияҳои  “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатар дар давраи солҳои 2015-2030” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи байниидоравии гуруҳи таҳлилгарон баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин кормандони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон  бо “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатар дар давраи солҳои 2015-2030” ва “Ғояҳо барои Стратегияи нави милии амал дар солҳои 2017-2030” ошно карда шуданд.
Ҳамчунин иштирокдорон масъалаҳои таҳияи Стратегияи Миллии дарозмуддат ва ба сифати зербарнома - Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ карданд.
Дар нишаст барои ширкаткунандагон лоиҳаи ҳуҷҷат “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда” барои баррасиҳои баъдӣ пешниҳод гардид.

барчасп: