Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тамрини наздисарҳадии шеваҳои наҷоти зарардидагони офатҳои табиӣ дар Исфара

Аз 26 то 27-уми октябри соли 2016 дар ноҳияи Исфара омӯзиши муштараки  воҳидҳои садамавию наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзуъи “Амали хадамоти наҷот дар ҳолатҳои офоти табиии наздисарҳадӣ” баргузор гардид.
Ҳадафи аслии ин омӯзиш санҷиши нақшаҳои ҳамоҳанг дар мудофиаи гражданӣ, системаи муштараки пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда,  коркарди нақшаи ҳамкориҳои садамавиву наҷоти ду кишвар ва мақомоти иҷроияи  маҳаллӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи наздисарҳадии табиӣ ва техногенӣ мебошад.
Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон тарҳи амалҳои муштарак оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷот, кофтукови зарардидагон ҳангоми заминларза ва лағзиши замин дар Шӯроб, интиқоли зарардидагон ба манотиқи амнро машқ карданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ин гуна омӯзишҳо ба таври ҳамешагиву муттасил дар асоси Барномаи коҳиши офатҳои табиӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ гузаронида мешаванд.

барчасп: