Раёсати корҳо ва нашрияи Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди барҳам хурдани Ситоди мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Советии сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 17 августи соли 1994 Кумитаи холатҳои фав­кулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамчун Раёсати корҳо фаъолият менамуд. Аз 2 июли соли 1999 Кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба Вазорати холатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании Ҷумхурии Тоҷикистон табдил дода шуда Раёсати зикргардида ба шакли Раёсати корҳои Дастгоҳи Вазир таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то инҷониб ҳамчун Раёсати корҳо ва нашрияи Кумита фаъолият менамояд. Раёсатро аз соли 2016 полковник Аюбов Эроншо Гулаёзович роҳбарӣ менамояд.
Раёсати корҳо ва нашрияи Кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон воҳиди сохтории Кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бевосита ба Раиси Кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Раёсати корҳо роҳбариро аз рӯи ташкил ва ба роҳ мондани мукотиботи хизматӣ ва коргузории ғаӣримахфӣ дар Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳар­бии Кумита ба душ дошта, аз болои дар чорчўбаи қонун таӣёр намудани санадҳои меъёрӣ дар раёсатҳою шуъбахри алоҳида ва воҳидҳои сохтории Кумита назорат мебарад.
Раёсат аз шуъбаи зерин иборат буда, шуъба дар доираи ваколатҳои муаӣяннамудаи Низомномаи Раёсат фаъолият мекунанд:

Вазифаҳои Шуъбаи коргузорӣ, фармонҳо  ва бойгонӣ:

  • ташкили корҳои назоратӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳое, ки таҳти назорат карор доранд, иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо аз тарафи раёсатҳо, шуъбаҳои мустақил ва хадамотҳо, фармон ва муқаррароти Раиси Кумита;
  • таҳлили интизоми иҷроия ва омода кардани маълумотҳои лозимӣ барои пешниҳод ба роҳбарият;
  • қабул, сабти ном, ирсол намудан ва нигох доштани ҳуҷҷатҳое, ки ба нишонаи раёсатҳо, шуъбаҳои алоҳида, хадамотҳо, инчунин Раиси Кумита ва муовинони ў ворид гардидаанд;
  • ташкил ва роҳбарии умумӣ аз болои мукотиботи хизматӣ ва коргузории гаӣримахфии Кумита;
  • қабули муштариён ва ба рох, мондани баҳисобгирии аризаю шикоятҳои шаҳрвандон;
  • баррасӣ ва таҳияи лоиҳаҳои фармон ва дастурҳои Раиси Кумита бо супориши Раис ва муовинони ӯ;
  • назорат аз болои бо қонунгузории амалкунанда мутобик, намудани лоиҳаҳои фармонҳо, дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба имзои Раис ва муовини аввали ӯ пешниҳод карда мешаванд;

интишор, нусхабардорӣ ва ирсол доштани фармон ва муқарррароти Раиси Кумита.