Оғози омӯзишҳои панҷрӯзаи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯшон

Имрӯз, сешанбе, 11-уми октябр дар қаламрави ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тамрини саҳроӣ таҳти унвони “Амалкарди ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия” оғоз мешавад. Қарор аст он то 15-уми октябр идома кунад.
Ин омӯзиш аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, системаи ягонаи огоҳсозӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳангоми гузаронидани омӯзишҳо мизони омодагии аҳолӣ ба ҳимоя аз лағзиши замин, куҳпора, заминларза санҷида ва ҳолатҳои дифоъ аз ин гуна офатҳои табиӣ тамрин карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин сатҳи омодагии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ мегардад.
Гуфтанист, ки чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ба таври ҳамешагӣ дар кулли қаламрави кишвар бо мақсади пешгирӣ аз хатароти офатҳои табиӣ гузаронида мешавад.