Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда корманд қабул мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ишғоли ҷойҳои холии мусоҳиби тобеи Раёсати молияи Кумита озмун эълон мекунад.
Талаботи тахассусӣ.  Маълумоти олии касбии  иқтисодӣ ва муносиб будан барои хизмати сарбозӣ.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар озмун доранд, ба Раёсати кадрҳои КҲФ асноди зеринро пешниҳод кунанд:

  1. ариза дар бораи ширкат дар озмун, шарҳи ҳол;
  2. саволномаи бо дасти худ пур ва имзокардашуда бо расмҳои андозаи 3*4 – 4 адад ва  9*12-2 адад;
  3. нусхаи шиноснома, нусхаи диплом, ки нотариус  тайид карда бошад;
  4. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ё хадамоти кадрии ҷойи кораш тайид карда бошад;
  5. нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ;
  6. нусхаи дафтарчаи тиббӣ;
  7. нусхаи шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон; 
  8. маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;
  9. хислатнома;
  10. тавсиянома аз се нафар.