Идомаи тамринҳои наҷот ва омўзиши таҷриба дар шаҳри Норак

Бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ, омўзиши таҷрибаи ҳамдигар дар пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ аз дирўз, 26-уми сентябр дар  Норак машқҳои мудофиаи гражданӣ шуруъ шуданд.
Омўзишҳои мазкур аз ду марҳила: амалӣ ва назариявӣ иборатанд ва қарор аст то рўзи 29-уми сентябр идома кунанд.
Дар ин омўзиш аъзои гурўҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдава, Озарбойҷон, Туркманистон, Украина ва Ўзбекистон иштирок менамоянд.
Наҷотдиҳандагони Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дар ин тамринҳо иштирок менамоянд.
Ҷараёни баргузории машқи мазкурро муовини якуми Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён назорат менамояд.