Ҷопон тарҳи нави ҳамкориҳо дар коҳиши хатар аз офотро 10,6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

7 сентябри соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Стратегияи миллии идораи хатари офатҳо ва дар чаҳорчӯби татбиқи “Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо” таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ карда мешавад. Ин тарҳ 48 моҳро дар бар мегирад ва барои татбиқи он Ҳукумати Ҷопон 10,6 млн. $ ИМА ҷудо хоҳад кард.

  Лоиҳа ба расонидани кумак оид ба беҳбуди тарҳрезии чораҳо оид ба идора ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, омодагӣ ва вокуниш дар нуҳ ноҳия, аз ҷумла се ноҳия дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамчунин таҳкими зарфиятҳои тими ҷустуҷӯ ва наҷот мутобиқ ба барномаи Сендай равона шудааст. 

Вай ба рушди ҳамкориҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон барои беҳбуди вокуниш ба офатҳо дар мутобиқат бо даъвати ширкаткунандагони муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” мусоидат намуда, имкон хоҳад дод минбаъд низ ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти коҳиши офатҳо густариш ёбанд. 

Дар маросими имзо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст ширкат карданд.  

Зимни суханронии худ ҷаноби Китаока изҳор дошт, ки имзои ин санад марҳилаи наверо дар шарикии Ҷопон, Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ шуруъ хоҳад кард ва равобити дӯстонаи моро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид. 

Сарвари КҲФ Рустам Назарзода зикр кард: “Боиси хушист, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имрӯз боз як санади хеле муҳим имзо шуд, ки идомаи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ мебошад. Бешубҳа, он як омили таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои мо ва Барномаи рушди СММ ба шумор меравад”.

Ҳуҷҷати лоиҳавиро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст  имзо намуданд.