Рӯзи покиву низофат дар Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Шанбеи гузашта ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон як рӯзи покиву низофат гузарониданд. Бино ба гузориши ҳамкорамон Шоҳзода Бутаева ҳайати шахсии Раёсат ба ҳашари умумие, ки дар саросари шаҳри Хуҷанд гузашт, пайвастанд.

Онҳо  гирду атрофи беруни Раёсат ва канори роҳу ҷӯйборҳои​ маҳалли ҷойгиршавии Раёсатро аз ҳар гуна алафҳои худрӯю партовҳо ва хасу хошок поккорӣ намуданд.
Дар ҳашари дастаҷамъона коллективи Раёсат​ ҷӯйбору роҳравҳо ва поёни дарахтони сояафкану ороиширо аз хазонрезаҳо ва дигар намуди партовҳо тозаву озода намуданд.

 Расмҳои зер аз ҷараёни ин поккориҳо ҳикоят мекунанд.