Раёсати молия ва иқтисод

Аз соли 1994 дар Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда буд. Соли 1997  Раёсати молия ва тафтишот аз соли 1999 Раёсати молия ва иқтисод номгузорӣ карда шуд.
Айни ҳол дар ҳайати Раёсати молия ва иқтисоди Кумита се шўъба ва як зершўъба: шўъбаи муҳосиботи марказӣ, шўъбаи банақшагирӣ ва маблағгузорӣ ва зершўъбаи нафақа фаъолият менамояд.

Шўъбаи муҳосиботи марказӣ

Дуруст тайёр намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ; сари вақт ҳисоб намудани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ бар ивази хурока, таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Кумитаро ба ўҳда дорад.
Дуруст ва сарфакорона истифода бурдани воситаҳои пулӣ мувофиқи қарзҳои кушода ва таъминоти мақсадноки он, аз рўи сметаи хароҷотҳои воридкардашуда, инчунин барои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва воситаҳои моддӣ назорат бурдан; тартиб додани баланси муҳосибавӣ ва супоридани он ба идораҳои дахлдор вазифаи кормандони шўъба мебошад.

Шўъбаи банақшагирӣ ва маблағгузорӣ

Фаъолияти шўъба аз вазифаҳои зерин иборат аст:

- назорат кардан аз болои дуруст муайян кардани маблағҳои хароҷотӣ дар Кумита ва воҳидҳои сохтории он;
- сари вақт расонидани кўмак ҳангоми рўӣ додани ҳолатҳои фавқулодда;
- сари вақт таъмин намудан ва дуруст ташкил кардани маблағгузориҳо ба воҳидҳои сохтории Кумита ва қисмҳои ҳарбӣ аз рўӣ сметаи хароҷотҳои ҷудокардашуда;
- ба воҳидҳои сохтории қумита ва қисмҳои ҳарбӣ фаҳмонидани моҳияту талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва Дерективаҳои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва маблағгузории молиявию хоҷагӣ;
- тайёр кардан ва сари вақт пешниҳод кардани сметаи хароҷотҳои Кумита ва воҳидҳои сохтории он мувофиқи қоидаҳои муқарраршуда ба Сардори Раёсати молия ва иқтисоди Кумита ва баъди тасдиқ шудани он пешниҳод намудан ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зершўъбаи нафақа ва вазифаҳои он:

- сари вақт ва дуруст таъмин намудани пардохти нафақа дар асоси Низомнома ва Дастур оиди таъмин намудани нафақа ва кўмакпулиҳои давлатӣ ба ҳайати афсарӣ, прапорщикҳо, хизматчиён-заноне,ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ;
- донистан ва дуруст истифода бурдании Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва супоришҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳо оиди масъалаҳои таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо;
- баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии иҷтимоии нафақагирон-собиқадорони артиш, маъюбон, аъзоҳои оилаҳои бесаробон мондаи хизматчиёни ҳарбӣ;
- тафтиши дуруст будани ҳисоби собиқаи қорӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои нафақа, дар ҳолати зарур будан ҳисоб кардан.

Шўъбаи маъмурӣ ва хоҷагидорӣ:

Фаъолияти шўъба дар асоси қонунгузории мавҷуда ва Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст:
- фаъолияти хоҷагидориро дар Дастгоҳи Марказӣ оқилона ташкил намудан;
- сари вақт ва дуруст таъмин намудани раёсату шўъбаҳои Дастгоҳи Марказӣ бо маводи дафтардорӣ ва хоҷагидорӣ;
- назорат аз руи истифодаи мақсадноки утоқҳои корӣ;
- тозагии доимии бинои асосӣ ва атрофи он;
-сари вақт андешидани чораҳои бехатарии зиддисўхтор дар бинои асосии Дастгоҳои Марказӣ.