Раёсати оперативӣ ва банақшагирии сарситоди Кумита

Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ сохтори асосии Сарситоди Кумита  буда, бевосита фаъолияти хизматии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита, ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳамаи дараҷаҳоро дар масъалаҳои тайёрии оперативӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва ҷангӣ танзим менамояд, ҳуҷҷатҳои асосиро оид ба омодагии оперативӣ ва банақшагирӣ таҳия мекунад, роҳбарии доимиро аз рўи гузаронидани иктишоф бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва давраи ҷангӣ амалӣ менамояд, масъалаҳои ҳамкории байни ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳамаи дараҷаҳоро бо муассисаҳо, иншоотҳои иқтисодӣ, ташкилотҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва ситодҳои  сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ҳал менамояд.

Гузаронидани маҷлиси назоратии ҳафтаина дар Раёсат.
Вазифагузорӣ ба ҳайати шахсӣ.

Раёсати оперативӣ ва банақшагирии Сарситоди Кумитаро аз замони ташкил шуданаш дар солҳои гуногун полковник  Раҳимов Маҳмадҷон Сангович, генерал-майор Тошмуҳамедов Тошмуҳамед Акрамбекович, полковник  Шоев Рустам Мирзохоҷаевич, полковник Латипов Ҳайбулло Абдуллоевич, майор Муродов Амиралӣ Раҷабович, подпоковник Гадоев Хуршед Валиевич, полковник Мирзоев Саъди Қудбидинович, полковник Қодирбердиев Худойбердӣ Ҷумабоевич, полковник Назаров Дилмурод Пирович роҳбарӣ намуданд, полковник Мирзоев Мирзоғафур Мирзоахмедович сарварӣ кардаанд.

1.Шўъбаи оперативӣ ва чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ.

Вазифаҳои асосии шуъбаи оперативӣ ва чорабиниҳои мудофиаи граждании Сарситоди Кумита аз инҳо иборат мебошад:

- ташкил ва амалӣ намудани масъалаҳои тайёрии оперативӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита;
- ҷамъ намудан, омўхтан, таҳлил намудани маълумотномаҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногун дошта ва оқибатҳои онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ меоянд;
- таҳия ва батартиб даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба гузаронидани тамринотҳо, машқҳои мудофиаи граждание, ки аз тарафи шахсони масъули Сарситод гузаронида мешавад ва иштирок дар ин машқҳо.

Гузаронидани машғулият бо ҳайати шахсии Раёсат
дар мавзўи «Рахнашавии обанбори Қайроқум»

2.Шўъбаи банақшагирӣ.
Ба зиммаи шўъба чунин вазифаҳо вогузор гардидааст:

- ҳамасола омода намудани “Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда”;
-   таҳлили саривақтии нақшаи кории солона ва моҳонаи Кумита;
-   назорат намудани рафти банақшагирии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар воҳидҳои сохтории Кумита.

3.Шўъбаи навбатдорони  оперативии ва бақайдгирии маълумотҳои Раёсати оперативӣ ва банақшагирии Сарситоди Кумита.

Шўъба мутобиқи низомномаи Раёсати оперативӣ ва банақшагирии Сарситоди Кумита амал менамояд.
Шўъба дар кабули саривақтии маълумотҳои фаврӣ, тахлили онҳо оиди ҳолати фавқулодда ва дигар маълумотҳои ворид шударо саривақт ба раиси Кумита, муовини аввали Раис, муовинони Раис, муовини сардори Сарситод, сардори Раёсати оперативӣ ва банақшагирии Сарситоди Кумита масъул мебошад.