13 октябр - Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо

Ташкилоти байналмиллалии Миссияи Шарқ бо ҳамкории зичи Бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо 11 ва 12 октябр дар маркази ноҳияҳо чорабиниҳои тантанавӣ барпо намудаанд. Бахшида ба ин рӯз рӯзномаҳои ноҳиявӣ нашри махсус омода сохтаанд, ки дар он аз корҳо нисбати коҳиши хатари офатҳо дар ноҳия ахборот пешниҳод мешавад. Дар чорабиниҳои тантанавӣ роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, сохторҳои масъул ба коҳиши хатари офатҳо, ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони Гуруҳҳои ихтиёрии наҷотдиҳандагон, аъзоёни фаъоли ин гуруҳҳо ва сокинони ноҳия иштирок менамоянд. Дар ин чорабинӣ ба фаъолони соҳа аз тарафи Миссияи Шарқ, Бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда мешаванд. Барои сокинони ноҳияҳо ва бахусус ҷавонон викторина доир ба Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо ва тарзи рафтори дуруст ҳангоми офатҳо барпо карда мешавад. Ба шахсони ҷавоби дуруст дода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.

Чорабиниро дастаҳои созу рақсии Шуъбаҳои фарҳанги ноҳия бо кансерти идона анҷом медиҳанд.

Ташкилоти байналмиллалии Миссияи Шарқ, инчунин дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ноҳияҳои Шикай, Нусай ва Моҳи Маи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ 13 октябри соли ҷорӣ Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳоро қайд менамояд.

барчасп: