Раёсати қўшунҳои кумита

Раёсати  қўшунҳои мудофиаи гражданӣ сохтори давлатии ҳарбӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудааст. Раёсати қўшунҳои мудофиаи гражданӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои таркибии Кумита амалӣ месозад.

Раёсати қўшунҳо аз рўи фаъолияти ҳамарўзааш вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

  • ташкили хизмати Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ва назорат оиди ҳолати омодагӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва ротаи зудамали наҷот;
  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба бехатарии хизмати қўшунҳо ва нигоҳ доштани тартиботи низомӣ;
  • оморгирӣ ва коркарди маълумот оиди ҳолати хизмати қўшунҳо дар қисмҳои ҳарбии Кумита.
  • иштирок дар таҳия ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо оиди пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳо;
  • назорат дар қисмҳои ҳарбӣ оиди риоя намудани қоидаҳои қонунгузорӣ, иҷрои талаботи оинномаҳо, фармону супоришҳои Роҳбарияти Кумита доир ба масъалаҳои хизмати қўшунҳо;
  • мусоидат ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба тайёрии ҳарбӣ ва хадамоти қўшунҳо барои қисмҳои ҳарбӣ;
  • таҳияи дастурамалҳо оид ба ҷамъоварӣ, коркард, тайёрии ҳарбӣ ва хадамоти қўшунҳо барои қисмҳои ҳарбӣ;
  • мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимии мақсаднок  бо ҳадафи баланд бардоштани савияи дониши сарбозон;
  • расонидани ёрии амалию методӣ ва назорат аз рўи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои омодагии ҷангӣ ва тайёрии махсуси қўшунҳои мудофиаи гражданӣ;
  • таҳияи барномаҳои омодагии касбӣ;
  • гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ, омўзиши тайёрии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва тайёрии махсус, ҳолати интизоми ҳарбӣ ва хизмати қўшунҳо;
  • назорат аз рўи ҳолат, миқдор, тарзи нигоҳдории яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, назорат аз болои ҳолати интизоми ҳарбӣ, хизмати қўшунҳо, хизмати шабонарўзии дохилӣ ва посбонӣ.