Мусобиқаи мини-футбол бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расид

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мини- футбол бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин мусобиқа 8 тим аз воҳидҳои низомии Кумита воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд ва се тим ғолиб эълон гардиданд. 

Дар бозии ниҳоӣ тими Дастгоҳи марказӣ бар тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби 4:1 пирӯз о мад ва соҳиби шоҳҷоиза гашт. 

Ҷойи дуюм насиби тими Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шуд ва тими Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт ҷойи сеюмро ишғол намуд. 

барчасп: