Омодагии тафреҳгоҳҳои тобистона санҷида мешавад

Тобистон ҳам фаро расид. Гарчанд аввали тобистон бо боронҳои пуршиддат ҳамроҳ буд, вале дур нест он рӯзе, ки гармои тоқатшикан ҳам фаро мерасад ва сокинон дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар ба истироҳату фароғат дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ниёз пайдо мекунанд. Истироҳату фароғат ҳам қоидаҳои худро дорад. Бахусус дар тафреҳгоҳҳои лабиобӣ. Ин аст, ки имрӯзҳо омодагии истироҳатгоҳҳои назди махзанҳои об ба пазириши истироҳаткунандагон санҷида мешаванд ва барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди омодагии махзанҳои оби “Варзоб”, “Душанбе”, “Кӯли ҷавонон”, “Чорбоғ”, ки дар қаламрави пойтахт ҷойгиранд, рейди назоративу санҷишӣ гузарониданд. 

Кормандон дар минтақаҳои тафреҳӣ мавҷудияти воситаҳои наҷот ва огоҳкунандаро тафтиш карданд. Ғайр аз ин онҳо бо истироҳаткунандагон дар бораи пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш суҳбатҳо гузарониданд. 

Дар ҷараёни рейд шиногоҳҳо ва заврақҳои мотордор мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Ҳачунин рафти иҷрои талаботи қоидаҳо будубош дар иншоотҳои обӣ дар давраи тобистон санҷида шуданд.

Ин гуна чорабиниҳо аз ҷониби кормандони КҲФ то охири мавсими оббозӣ дар саросари кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд.

барчасп: