Маросими савгандёдкунии наваскарон

1 июни соли равон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии навдаъватшудагони даъвати баҳорӣ гузаронида шуд.

Дар маросими идона Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р., роҳбарияти Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони комиссирияти ҳарбӣ, волидони сарбозон, мактаббачагони мактаби таҳсилоти миёна ва меҳмонони зиёд ширкат карданд.

Ба наваскарон Раиси Кумита генерал-лейтенант муроҷиат карданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки ин ҷавонон хушбахттарин нафароне мебошанд, зеро дар даврони Истиқлояти кишвар хизмати ҳарбӣ менамоянд ва ҳама шароитҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон омода гардидааст, зеро хизмати модар-Ватан ин қарзи ҳар як ҷавонмарди ин сарзамин аст.

“Имруз, ки савганд ёд кардед ба савганди худ содиқ бимонед. Аз ин рӯ ба ҳамаи нафароне, ки ҳоло дар саф қарор доранд, муроҷиат мекунам, ки хизмат барои ҳар яки Шумо танҳо ҳисси ифтихор ва иҷрои бошарафонаи он дар назди Ватан ва қарзи Ватан буда бошад”- изҳор намуданд Раиси Кумита.

Ҳамаи пайвандону наздикони наваскарон имкон доштанд, ки бо базаи таълимию моддии қисми ҳарбӣ, шароити маишӣ ва хизматии он аз наздик шинос шаванд.

Дар қисмати ниҳоии маросими савганди ҳарбӣ наҷотдиҳандагони Кумита бо фаъолияти хешро ҳангоми бартарафсозии ҳолати фавқулода бо ҷалби таҷҳизоти махсус нишон доданд. Пас аз савганд - хизмати ҳарбӣ. Дар охири чорабинӣ консерти идона пешниҳод гашт.

барчасп: