Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар оташсӯзии ҳавопаймо дар Москав

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо исми Қурбонзода Фатҳуддини Мирзобек дар садамаи рӯзи гузашта ҳавопаймо дар Маскав будаву исмаш лар рӯйхати ҳалокшудагон омадааст. Қурбонзода Фатҳуддини Мирзобек  28 сол дошта зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон будааст. Мавсуф ҳамзамон шаҳрванди Федератсияи Русия низ будааст.  

Тавре пештар ҳам хабар дода будем, шоми 5 май, ҳавопаймои SSJ-100 ("Сухой Суперҷет 100"), мансуб ба ширкати "Аэрофлот”, ки аз Маскав ба ҳаво хест ва ба самти шаҳри Мурманск парвоз мекард, баъди ним соати парвоз ба замин баргашт ва ҳангоми нишасти истирорӣ дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав дучори садама шуд.  Аз 78 мусофир ва сарнишини ҳавопаймо 41 нафараш ҳалок шуданд. Фурсате баъд халабон Денис Евдокимов зарбаи раъду барқро сабаби ин фоҷиа номид. Аммо Кумитаи тафтишоот ахиран эълон кард, ки дар ин иртибот се фарзияро мавриди таҳқиқ қарор додааст: сатҳи пасти тахассуси экипаж, нуқсони фаннӣ дар ҳавопаймо ва обуҳавои номусоид.

Шоми 5-уми майи соли равон пас аз фуруди истирории як ҳавопаймои Русия ва оташ гирифтани он дар фурудгоҳи Шереметово 41 нафар кушта шуданд. Баъди он ки ҳавопаймо бо 78 сарнишин дар хати парвоз бархӯрд, шуълаҳои оташ баданаи онро фаро гирифт ва сутуни азими дуд аз он ба ҳаво бархост. Чандин навори видиоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, нишон медиҳад, ки мусофирон басо саросема худро аз ҳавопаймо наҷот медиҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия дар миёни ҳалокшудагон ду кӯдак низ будаанд.   “Аэрофлот” рӯйхати 33 мусофир ва чаҳор халабони наҷотёфтаро мунташир кард, ки панҷ тани онҳо ба бемористон бистарӣ шудаанд.

Superjet вақте ба замин менишаст аввал ба хати парвоз сахт бархӯрд ва баъдан думи он ба замин зад. Сабаби оташ гирифтани он низ ҳамин будааст. 

Интерфакс ба нақл аз манбаъҳои худ хабар дода буд, ки баъди нишасти изтирорӣ моторҳои ҳавопаймо оташ гирифтанд, на ки дар ҳаво оташ гирифта бошанд.  

Намояндаи “Аэрофлот” ба хабарнигорон гуфтааст, ки хадамоти наҷот мусофиронро зарфи 55 сония наҷот доданд, дар ҳоле, ки меъёри муайяншудаи наҷот дар ин гуна ҳолатҳо 90 сония аст.   

Гуфта мешавад, ки баъди чанд дақиқаи парвоз тайёра бонги хатар ирсол кард, вале вақти бозгашт ба фурудгоҳ иртибот бо он қатъ шуд. 

Дирӯз ҳамчунин хабар дода мешуд, ки бар асари ин садамаи марговар фурудгоҳи Шереметево парвози 101 ҳавопайморо ба самтҳои гуногун муваққатан боздошт. 20 ҳавопаймое, ки мебоист дар Шереметово фуруд меомаданд, ноилоҷ дар Нижний Новгород фуруд омаданд. 

Бино ба хабари расмии Кремл Владимир Путин-Президенти Русия  ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори тасаллият кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷеа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Россия иброз намуда, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

барчасп: