Санҷиши омодагиҳои бартарафсозии оқибатҳои хатарҳои эҳтимолии мавсимӣ дар Хатлон

Оре, сел ҳам ногаҳон меояд, агарчанде метавон аз рӯйи суръати борон тахмин зад. Ва дар ҷӯйбору рӯдхонаву канал ҳам ногаҳон сатҳи об боло меравад, ҳарчанд метавон аз шиддати борон инро тасаввур намуд. Вале боз ҳам мардум ғофил мемонанд, ки сел омад. Пас ҳамеша бояд омода буд, то аз хатари офатҳо дур бошем

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамаи воҳидҳои вокуниш ба бартарафсозии оқибатҳои хатарҳои эҳтимолии мавсимӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд.

Дар ҷараёни тафтиши воҳидҳо сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон подполковник С.Исозода таваҷҷуҳи ҳамагонро ба зарурати баргузории чорабиниҳои муштараки аввалиндараҷа, бахусус дар қитъаҳои хатарноки қаламрави вилоят ҷалб намуд.

«Қабл аз ҳар чизи дигар зарур аст бори дигар омодагии ҳамаи иншоотҳои гидротехникиро ба вуруди оби сел назорат намуд. Ба масъалаҳои хабардоркунӣ ва иттилоърасонии аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои аҳолинишини дур ҷиддан диққат дод. Барои ин истифодаи таҷҳизоти баландгӯ, ки ҳама гузаргоҳҳоро метавонад фаро гирад, ба мақсад мувофиқ аст”,- гуф ӯ.

Аз рӯи ҷамъбасти тафтишот тавсияҳо дода шуданд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳо муҳлат муайян карда шуд.

барчасп: