Мулоқот бо собиқадорон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 – уми майи соли 2019 дар остонаи 74-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо сарварон ва намояндагони Шӯрои собиқадорони КҲФ баргузор шуд. Дар он   раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ, генерал-майор Б.Орипов, полковник М.Мирзоев ва подполковник Ф.Наҷмиддинов ширкат намуданд

Раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ, генерал-майор Б.Орипов бо сухани муқаддимавӣ ба ҳайати шахсӣ муроҷиат намуд. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки “аз сол ба соли дигар моҳи майи пирӯзиовардаи соли 1945 дур мешавад, вале хотираи қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои халқи Шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар  қалби наслҳо боқӣ мемонад.

Меросбари насли пирӯз будан ин на танҳо ифтихор аст, балки масъулият аст. Ман бовар дорам, ки шумо насли ҷавон омодаед ин парчами пурифтихори пирӯзиро бошарафона бипазиред ва бори масъулиятро ба хотири ояндаи пуршарафи Ватан ва фарзандону наберагонатон бикашед. 

Бигзор Ғалаба ва хотираи он ҳамеша бо мо бимонад, дар қалбҳои мо, дар оғозҳои некамон ва ғамхориҳои ҳамешагиву ҳамарӯзӣ ба насли калонсол боқӣ бошад,-гуфт ӯ.

Мулоқот хеле самимиву пурмуҳтаво ва ҳамзамон дар фазои гарми қаблазидӣ гузашт.

барчасп: