Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия сабабҳои сӯхтор дар корхонаи “Красмаш”-ро эълон кард

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки яке аз сабабҳои сӯхтор дар корхонаи “Карасмаш”-и Красноярск нақзи қоидаҳои истифода аз таҷҳизоти барқӣ аст. Дар иин бора ахиран сарвари бахши минтақавии вазорати ёдшуда Игор Лисин ба журналистон иттилоъ дод.  Вай ҳамчунин гуфт, ки наҷотдиҳандагон то охири рӯз корҳои наҷот дар ин корхонаро ба анҷом хоҳанд расонд.

Ин сӯхтор, ки дар майдони 20 ҳазор метри мураббаъ доман густарда буд, аз анбори корхона, ки таҷҳизот барои яхдонҳо дар он ҷобаҷо шуда буд, оғоз гардид.

РИА Новости истинодан ба маълумоти  “Роскосмос” хабар додааст, ки ин сӯхтор аз корхонаи хусусӣ оғоз шудааст ва ҳоло ҳама талош бар он аст, ки он ба бахши асосии “Красмаш” нарасад. 

Ин манбаъ гуфтааст, ки сӯхтор бегоҳирӯзии 26 – уми апрел аз бахши тавлиди яхдонҳо шуруъ шудааст.

Дар айни замон шуълаи сӯхтор паст шуда, барои комилан хомӯш кардани он чораҳо андешида мешавад.

барчасп: