Таҳвили техникаи махсус ба воҳидҳои наҷоти Кумита

26 – уми апрели сол 2019 барои гурӯҳи сайёрӣ наҷотдиҳии таъсисшавандани Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад техникаи махсус ва вазнин барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, ки Хазинаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ харидорӣ кардааст, таҳвил шуд. 

Ин пуштибонӣ дар доираи протоколи имзошуда миёни КҲФ ва Хазинаи Шоҳ Салмон аз 27 декабри соли 2018 дар мавриди харидории воситаҳои техникӣ амалӣ гардид. 
Ҳамаи ин мошинҳо барои ба маҳалли офатҳо сари вақт расонидани гурӯҳҳои зудамал дар ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ ва табиӣ, ҳамчунин барои роҳандози и корҳои садамавиву наҷот пешбинӣ шудаанд. 

Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва МухториАрабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз Муҳаммад Албадӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии Оғохон оид ба макони зист, Агентии Ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвари мо иштирок намуданд. 

Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба шарикон барои таҳвили техника изҳори ташаккур намуд ва зикр кард, ки ин техника бешак, тамонмандиҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро боло мебарад ва ба наҷоти одамони зиёд аз гирдоби офатҳо мусоидат хоҳад кард. 

Баъди суханронӣ маросими имзои санади таҳвили техника баргузор шуд. Санадро Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз Муҳаммад Албадӣ имзо карданд.

барчасп: