Дар силсилазаминларзаҳои Филиппин 15 нафар ҷон бохтанд

Филиппин

Зарфи ду рӯзи охир дар Филиппин заминларзаҳои шадид идома доштанд. Чанде пештар бар асари заминларзаи 6,1 балл зарар дидани ҷазираи Лузун хабар дода мешуд, 23 апрел бошад гуфта мешуд, ки бар асари такони замин сокинони ҷазираи Самар низ зарар дидаанд.

Бино ба гузориши Stormnews дар ҷазираи Лузун (бузургтарин ҷазираи Филиппин аст ва ба яке аз се маҷмаъҷазираҳои аслии кишвари Филиппин ҳам, ки  дар шимоли кишвар воқеъ шуда, гуфта мешавад) заминларза дар бисёре аз шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахти мамлакат шаҳри Манила ҳисс шудааст. Нуқтаҳои аҳолинишин дар вилояти Пампанга зарари аз ҳама бештар дидаанд, аммо мизони дақиқи ин зарар ҳоло эълон нашудааст. 

Бино ба маълумоти Шӯрои миллии идора ва коҳиши хатари офатҳои Филиппин (NDRRMC) субҳи рӯзи сешанбе 29 бино қисман ва пурра хароб шуда буд. Гуфта мешуд, ки дар ин заминларза 7 нафар ҷон бохтанд, 24 тан бенишон гум шудаанд ва 81 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.  

Аммо субҳи имрӯз аз ҳалокати 15 нафар хабар дода шуд ва мақомот гуфтаанд, ки ин ҳоло омори дақиқи ҳалоку захмишудагон нест.

барчасп: