Ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамбасти машқҳои мукаммал

Дар шаҳри Гулистон тамринҳои фарогири  «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла», ки муддати се рӯзи охир идома дошт, ба анҷом расид. Ин тамринҳо тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2019 ва шаҳри Хучанд баргузор шуданд. 

Ҷамъбасти машқҳои мазкур бо иштироки Раиси вилоят - Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, ҳайати шахсӣ, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят бо роҳбарии Сардори тамринҳо Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Файзуллозода У.И. дар хиёбони Парчами назди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят сараввал бо ҳайати шахсии зернизомҳо, қувва ва воситаҳо омодагии онҳо аз наздик шинос шуда, сипас ба ташкилоту идораҳои дахлдор оид ба пешгирӣ, эътиноъ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, дар ҳолати омодабошӣ қарор додани техникаҳо ва пурзўр намудани корбарӣ дар соҳаи мудофаи граждани супоришҳои қатъӣ гузошт.

Роҳбари машқ – Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Файзуллозода У.И. дар суханронии худ фаъолияти ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, зернизомҳои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоят, инчунин ба МИҲД-и шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон барои гузоштани саҳми арзанда, иштироки фаъолона  дар сатҳи баланд гузаронидани машқи мукаммали мазкур, ки дар таърихи ҷумҳурӣ якумин машқ ба ҳисоб меравад изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки тамрини дар давоми 3 рўз гузаронида шуда, ба он зиёда аз 120 техникаҳо ва беш аз 3000 нафар ҷалб карда шуданд.

Шоҳзодахон Бутаева,
с
ардори бахши кор бо
ҷомеаи Раёсат
, лейтенант

барчасп: