Ҳалокати ду нафар бар асари офатҳои табиии шабонарӯзи гузашта

Ҳалокати ду нафар

Рӯйдоди нохӯш: сели азим дар Турсунзода ҷони ҷавони навраси 16-соларо гирифт. Дар Душанбе боди шадид як дарахти азимро болои мошине чаппа кард, ки мусофири он кушта шуд ва ронанда шадидан захмӣ. Ин ду ҳодиса метавонист рух надиҳад, агар қоидаҳои бехатарӣ риоя мешуданд. Писараки 16-сола дар ҳамин рӯзи боронӣ мол мечаронид, ки дар гирдоби сел монд. Ронандаи «Daewoo Tico» дид, ки шамол сахт мевазад, вале мошинашро зери дарахт нигоҳ дошт.

 Шабонарӯзи гузашта бар асари боди шадид дар қаламрави шаҳри Душанбе як дарахт болои мошини тамғаи «Daewoo Tico» уфтод. Бар асари ин ҳодиса мусофири дохили мошин дар ҷойи худ ҳалок шуд, ронанда ҷароҳат бардошт. Наҷотдиҳандагон фаврӣ расиданд ва ронандаи захмӣ ва мусофири ба ҳалокатрасидаро аз иҳотаи шоху барги дарахти уфтода берун оварданд. 

Мутаассифона, ҳушдорҳои пайваста ва эълони қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби шаҳрвандон нодида гирифта мешаванд. Дар ин рӯзҳои пурбориш ва тағйири боду ҳаво бояд хеле эҳтиёткор буд, бе зарурат рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо хатар дорад. 

Чунончӣ, ҳангоми чорвочаронӣ бар асари омадани сели азим дар қаламрави деҳаи Баҳористони ҷамоати Сешанбеи ноҳияи Турсунзода писарбачаи 16-сола ҳалок гардид.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои тағйирёбандаву боронӣ то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти пайваста, болоравии ҳарорати ҳаво барфи кӯҳҳо об мешаванд ва ин метавонад дар баъзе манотиқ сабабгори лағзиши хоки нармшудаи теппаҳо, афзудани сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, каналу обанборҳо шавад. Лағзиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ таҳдид мекунад.

Дар ин рӯзҳо эҳтиёткор будан ва риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии таъмини амният аст. 

Ва бо ин қоидаҳо метавонед аз ин матлаб огоҳ шавед:
ДИҚҚАТ: Қоидаҳои бехатари ҳангоми раъду барқ, селу жола

барчасп: