Баргузории ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва арзёбии фаврии ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе

19 апрели соли 2019 ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва  арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Дра ҷараёни ин ҷаласа ширкаткунандагон дар бораи офатҳои табиие, ки дар қаламрави мамлакат аз аввали сол рух доданд, маълумот гирифтанд, пешбинии мавсимии боду ҳаво аз Агентии ҳавошиносии кишвар, оид ба татбиқи чораҳои омодагӣ ба вокунишҳо ва  нақшаи эътино ба офатҳои табиӣ пешниҳод карда шуданд. 

Дар ин нишаст ҳамчунин масъалаи истифода захираҳои мавҷудаи молҳои талаботи аввал, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои ба зарардидагон бар асари ҳолатҳои фавқулода додан баррасӣ шуд.

Сарвари Кумита зимни суханронии худ дар нишаст гуфт: “Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо дар офатҳои табиӣ ва расонидани ёрӣ ба ниёзмандон бояд шиори ҳамешагии мо дар кори муштарак бошад”.

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар қасду ниятҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти коҳиши хатари офатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаи воҳиду ягона доштанд.

барчасп: