Сел меояд. Чӣ бояд кард? Филми тасвирӣ

Сел офатест, ки бар асари боришоти шадид ногаҳон меояд. Мардум онро балои ногаҳонӣ меноманд, ки гӯё аз зери по хестааст. Ва ин “балои ногаҳонӣ” баъзан ба инсонҳо фурсат намедиҳад, ки худ ва амволашонро наҷот диҳанд. Аз аввали баҳор то кунун дар гӯшаву канори олам ва аз ҷумла дар Тоҷикистон даҳҳо ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шудааст, ки хисорати калони ҷониву молӣ ҳам доштаанд. Дар ҳамин сомонаи мо чандин хабари харобиҳои сел аз кишвар ва хориҷро метавон мутолиа кард.
Аммо мутаассифона, на ҳама медонанд вақти омадани сел чӣ бояд кард. Филми тасвирие, ки пешкаш мешавад, қоидаҳои бехатрии селомад ва роҳҳои наҷот аз онро нишон медиҳад. Ва ин филми тасвирӣ чунин номида шудааст: “Амалкарди аҳолӣ ҳангоми омадани сел”.