СММ мегӯяд бар асари сел дар Афғонистон 80 нафар кушта ва 62 ҳазор нафар овора шудаанд

Бино ба хабари бахши ҳамоҳангии кумакҳои СММ сели ҷоришудаи ҳафтаи охир дар Афғонистон 80 нафарро ба ҳалокат расондаву 62 ҳазор танро дар шимоли ин кишвар овора кардааст. Рӯзҳои гузашта вилоятҳои Форёб, Сариаул, Ҷузҷон ва Балх дар шимол, Ҳирот ва Бодғис дар ғарби Афғонистон шоҳиди боришоти шадиди борон буданд, ки дар аксар мавридҳо он ба омадани сели азим меанҷомид.

Дар гузориши ин ниҳоди марбут ба СММ омадааст, ки аз аввали соли 2019 дар саросари Афғонистон бештар аз 163 ҳазор нафар аз сел зарар дидаанд. Ин созмон ҳамчунин хабар додааст, ки ҳоло ниҳодҳои кумакрасон омодаи ёрӣ ба ҳалли ин мушкил шудаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки Афғонистон ба далели иқлимаш як кишвари селхез маҳсуб мешавад. Ҳар сол аз охири моҳи феврал ба далели об шудани барфҳо ва боронҳои баҳорӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар сел ҷорӣ мешавад ва ин хатар то миёнаҳои моҳи июн идома мекунад.

 Аз 36 вилоят 21 вилоят дар муқобили сел ва лағзиши замин аз осебпазирии бештар бархӯрдоранд ва дар вилоятҳои шарқӣ ва шимолу шарқӣ хатари ин ҳодисаҳо бештаранд.

барчасп: