Баҳси таҳкими ҳамкориҳои судманд ва танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

29 – уми марти соли равон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави кишвар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони ширкатҳои сайёҳие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, баргузор шуд.

Дар ин мулоқот намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Дар мулоқот масъалаҳори тарҳрезии чорабиниҳо оид ба коҳиши хатарҳои эҳтимолӣ барои ҷаҳонгардон, дар бораи қитъаҳои хатарноки самти ҳаракати онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи аҳолӣ ва таъминӣ бехатарӣ ҳангоми рӯйдодҳои нохӯш, ҳамкории ширкатҳои сайёҳӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва КҲФ, ба нақшагирии тадбирҳои ҳифзи ҷаҳонгардоне, ки дар қаламрави Тоҷикисорн ҳузур доранд, мавриди барарсӣ қарор гирифтанд. 

Дар ҷаласа ширкаткунандагон дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар ташаккули пазириши иҷтимоӣ ва тарғиби минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар суҳбат карданд. 

Ин мулоқот аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва маблағгузории Дафтари намояндагии Агентии рушди ва ҳамкориҳои Швейсария дар кишвар ташкил шуда буд.

барчасп: