Давлатҳои узви СПАД амалҳои худ дар ҳолатҳои фавқулодаро ҳамоҳанг мекунанд

26-уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми иртиботи видеоӣ тамрини муштарак дар мавзуъи “Тартиби кор бо мақомоти  ваколатдори давлатии кишварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд.

Дар  конфронси видеоӣ Котиботи СПАД ва роҳбарони Маркази идорӣ дар вазъи бӯҳронӣ ва гурӯҳҳои фаврии ваколатдори мақомоти давлатии кишварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ширкат намуданд.

Иштирокдорон дар низоми онлайн ин масъалаҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд:

- ташкили иттилоърасонӣ ва табодули ахбор ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода миёни мақомоти ваколатдори дарвлатҳои узв;

-  тартиби амали мақомоти салоҳиятдори кишварҳои иштирокчӣ ҳангоми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин таъмини расонидан, тақсим намудани воситаҳо ва воҳидҳои наҷоти мақомоти салоҳиятдори икшварҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода.

барчасп: