Имзои Протокол дар бораи воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот барои КҲФ

Бар асоси Созишномаи қаблан имзошуда дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, ҳамчунин мувофиқи табодули номаҳо дар бораи расонидани ёрии техникӣ миёни Ҳукумати ҶМЧ ва Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Протокол оид ба расонидани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот барои воҳидҳои КҲФ баргузор шуд. 

Тибқи ҳуҷҷати имзошуда Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 120 номгӯи техника ва таҷҳизот барои воҳидҳои КҲФ таҳвил медиҳад. Ин техника барои беҳбуд ва самароварии корҳои бартарафсозии офатҳои табиӣ ва техногенӣ мусоидат хоҳад кард.   

Ин санад аз ҷониби Раиси КҲФ ва Мушовири Котибот оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати ҶМЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид.  

Раиси КҲФ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои кумакҳои расонидааш   изҳори ташаккур намуд ва зикр кард, ки кумакҳои нав барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда истифода хоҳад шуд.  

Дар суханронии ҷавобии худ Мушовири Котибот оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати ҶМЧ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сун Ян Му Тонг қайд кард, ки ҶМЧ ҳамеша омода аст ба кишвари бародари Тоҷикистон дасти мадад дароз кунад.   

«Равобит миёни Тоҷикистон ва Чин бар пояи боварҳо ва самимиятҳо рушд мекунад ва мо ба Тоҷикистон ва мардуми он эҳтиром дорем ва ҳамеша омодаем ба кумаки халқи бародар шитобем”- гуфт ӯ.

Мувофиқи Протокол техника ва таҷҳизот бояд дар муддати 90 рӯзи тақвимӣ оварда шавад.