Наҷоти сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки метавонист аз нишеби кӯҳ ба ҷарии умқаш 300 метр фурӯ равад

Кормандони воҳиди наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз нишебии кӯҳ сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки ба ҷарии  умқаш то 300 метр меафтод, наҷот доданд.

Ин мард бо ҷумла дӯстони худ ба кӯҳ рафта буд, то рустаниҳои шифобахш ҷамъоварӣ кунад. Ҳангоми ҷамъоварии рустаниҳо ба ҷарӣ хеле наздик шуд, пояш лағжид ва сарозер шуд. Вақте ба нишеб мерафт, баногоҳ пояш дар санге маҳкам шуд ва бо ин васила худро ба рафтан ҷарии бетаг нигоҳ дошт.

Чун кормандони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар Хатлон аз мусибат огоҳ шуданд, зуд ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. 

Наҷотдиҳандагон замоне ӯро наҷот доданд, ки аз ҳуш рафта буд ва баъди анҷоми амалиёт ӯро ба духтурони мошини ёрии таъҷилӣ, ки ба даъвати кормандони Кумита ҳозир шуда буд, супурданд.  Ин амалиёти наҷот бештар аз ним соат идома дошт.

  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ба хотири гурез аз нохӯшиҳо ҳангоми рафтан ба кӯҳҳо хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд. Бахусус , дар ин рӯзҳое, ки барфи кӯҳҳо об мешаванд, замин намноку лағжонанда аст, бояд дар мавриди бехатарии худ андешанд.

Риояи қоидаҳои бехатарии кӯҳгардӣ гарави амнияти ҳар кадоми шумост!

 

барчасп: