Омӯзиши равишҳои муосири ҳифзи ҳаёт ва саломатии одам дар Маркази таълимии Кумита

27 - феврали соли 2019 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ барои шахсони масъули хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор ба анҷом расид. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Дар ҷараёни ин омӯзишҳо иштирокдорон дар бораи равишҳо ва усулҳои нави чорабиниҳои маҷмуъие, ки ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии одамон ва арзишҳои молӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ равона шудааст, огоҳӣ ёфтанд. Ғайр аз ин ба онҳо нуқтаҳои асосии Старатегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши  хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019-2030 фаҳмонида шуданд. 

Омӯзишҳо аз ҷониби мураббиёни Маркази таълимии КҲФ бар асоси Нақшаи дохилиидоравии ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои соли 2019, ҳамчунин дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуданд.

барчасп: