Ҳалокати чор наврас дар рустои Оби Канапои ноҳияи Айнӣ

23 феврали соли равон соати 18:20 дақиқа дар деҳаи Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар иншоотҳои обӣ чаҳор ноболиғ дар ҷараёни яхмолакбозӣ дар ҳавзи сунъи маҳаллашон ба ҳалокат расидаанд.

Ин наврасон дар яхи болои ҳавз, ки дарозиаш 70 метр буда, умқаш то 6 метр мерасад, бозӣ доштанд ва чун яхи зери пои онҳо шикаст, ин чаҳор тан дар он оби сард фурӯ рафтанд ва ба ҳалокат расиданд. 

Вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҷасади яке аз онҳоро сокинони маҳаллӣ берун оварда буданд. Кори берун овардани се ҷасади дигар дар нимторикӣ сурат гирифт ва ҳамаи онҳо ба хонаводаҳояшон супурда шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандани ҳалокшудагон таъзия баён мекунад, ба онҳо аз Худованд дар ин мусибати сангин сабри ҷамил мехоҳад. 

Ҳамзамон Кумита аз сокинони кишвар бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад бачаҳои худро беназорат нагузоранд. Ҳама қоидаҳои бехатарӣ дар обҳоро ҷиддан риоя кунанд ва наврасону кӯдаконро ба риояи ин қоидаҳо омӯзиш диҳанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки қисмати бештари сокинони Оби Канапо собиқ бошандагони рустои Махшевати ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ мебошанд. Соли 2006 бар асари сели азим зарари калон диданд ва дигар аз деҳаи худ ба Оби Канапо кӯч бастанд.

барчасп: