Заминларзаҳои имрӯз талафоти ҷониву хисорати дигар надоштанд

Субҳи имрӯз ду маротиба заминларза Тоҷикистонро такон дод. Ҳар ду бор хушбахтона заминларзаҳои бидуни осеб буданд.

Субҳи рӯзи 20.02.2019 соати 06:26 дақиқа бо вақти Душанбе замин ду маротиба такон хӯрд. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии кишвар маркази ин заминларза ҷанубу шарқи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон буд.

Қувваи он дар марказаш дар ҷунбиши  06:26 дақиқа,  3 бал ва соати 06:35 дақиқа, 4 бал буд. Дар Душанбе қувваи заминларза 2-3 баллро ташкил медод. 

Хушбахтона, ин заминларза, ки онро дар манотиқи дигари кишвар низ эҳсос карданд, талафоти ҷониву хисороти дигар дар пай надошт.

барчасп: